IQNA

Судури солона 1,5 миллион фатво ба 12 забон дар Миср

8:26 - April 17, 2024
рақами хабар: 1373
ИКНА - Мушовири муфтии Миср бо баёни ин ки маркази фатвои Миср, Исломи ростинро муаррифӢ мекунад, таъкид кард, ки дар сол 1,5 миллион фатво аз сӯи ин марказ ба 12 забони мухталиф содир мешавад.

Ба гузориши манобе хабарӣ, Иброҳим Наҷм, мушовири муфтӣ ва дабири кулли дабирхонаи ҳайатҳои фатво дар ҷаҳон тасреҳ кард, ки Шӯрои фатвои Миср солона 1,5 миллион фатво ба 12 забони мухталиф содир мекунад.

Вай ин суханонро дар конфронси «Таҷориби миллӣ дар мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм», ки бо ҳузури 40 кишвар аз 13 то 18 апрел дар Сингапур баргузор мешавад, баён кард.

Наҷм дар идомаи суханони худ бо ишора ба аҳамияти нақши Шӯрои фатво дар судури фатво барои дарки саҳеҳ аз робитаи Ислом ва ҷаҳони модерн гуфт: Миср дар ҷанги бо терроризм қудрати биниш ва тааддуд меҳварҳо ва абзорҳои муассири худро нишон додааст дарке, ки дар Ғарб дар ин замина вуҷуд дорад саҳеҳ нест.

Вай бо баён ин ки рӯйкарди Шӯрои фатво мубтанӣ бар эътидол аст, таъкид кард, ки амалкарди ин Шӯро комилан ҷудои аз сатҳингарӣ ва иқдомоти тасодуфӣ аст. 

Мушовири муфтии Миср дар бахши дигаре аз суханони худ таъкид кард, ки таъсиси маркази мутолиоти ифротгароии (Салом: Сулҳ) дар ростои муқобила бо афкори аҷиб ва ғариб аст ва маркази Салом бар пояҳои илмӣ дар таъмиқи мабоҳиси умумӣ, донишгоҳӣ ва динии муртабит бо мавзӯъи ифротгароӣ мутамаркиз аст.

Наҷм бо баён ин ки шароити имрӯзи мо ба гунае аст, ки наметавонем мунозиъот ва таҷориби талхи бештареро таҳаммул кунем, таъкид кард: расонаҳо бояд дар расондани назароти уламои дин ҳирфаӣ ва бетарафона амал кунанд.

Вай дар ҳамин робита тасреҳ кард: расонаҳо ва давлатҳои ҷаҳон дар бархурди бо уламои дин диққати бештаре дошта бошанд садои эътидол бар ақаллияти ифротӣ ғолиб аст, зеро дини воқеӣ қодир аст роҳиҳалҳои барои муқобила бо чолишҳои пеши рӯи ҷаҳон ироа диҳад.

https://iqna.ir/00HfQi

captcha